Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи васеи назорати шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи омодагии зиддисӯхтори иншооти пойтахти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, М.Убайдуллоев дар робита ба сӯхтори
чанде қабл дар бозори «Шоҳмансур» рухдода фаъолияти хадамоти оташнишонии шаҳр ва роҳбарони корхонаву муассисотро дар роҳандозии чораҳои пешгирии сар задани сӯхтор ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.
«Қарор шуд, ки тӯли як моҳ аз ҷониби комиссияи махсус вазъи омодагии зиддисӯхтори ҳамаи корхонаву муассисот ва субъектҳои хоҷагидории пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифта, натиҷаҳои он дар ҷаласаи махсуси назорати шаҳрдорӣ муҳокима карда хоҳад шуд», - изҳор дошт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои мансабӣ роҳбари Идораи истифодаи роҳҳои мошингарди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонхӯҷа Амиров ва директори бозори «Деҳқон» Нусратулло Раҳматшоев аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста