Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Ному насаби ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари фурӯ рафтани боми як сохтмон дар кӯчаи Староконюшенскийи шаҳри Маскав ҳалок гардиданд, аллакай муайян гардидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» телефонӣ аз шаҳри Маскав Раиси Ҷунбиши умумирусиягии "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик" Каромат Шарифов хабар дод, инҳо сокинони шаҳраки Норак Камолиддин Ғафурови 26-сола ва Рустам Боймуродзодаи 33-сола мебошанд.
Ба гуфтаи Шарифов, ҳоло кофтукови боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба эҳтимоли зиёд зери шикастпораҳои бино қарор доранд идома дорад. «Номи яке аз онҳо Кароматулло буда, аз ноҳияи Ваҳдат мебошад», - гуфт Шарифов.
Ёдрас мекунем, ки боми ин манзили қадимии 6-ошёна ду рӯз пеш фурӯ рафт. Он замон 6 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Русия дар дохили бино будаанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш аз зери харобаҳои боми фурӯрафта ҷасади шаҳрвандони Русияро низ берун кашидаанд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста