Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Сафорати Тоҷикистон дар Русия шумораи фавтидагон бар асари сӯхтор дар Маскавро, ки чанде қабл дар кӯчаи Приволнии ин шаҳр рух дод, муайян месозад.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шоми дирӯз намояндагони сафорат ба ҷои сӯхтор омаданд, то бо ҳодиса аз наздик расидагӣ намоянд.
«Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари сӯхтор 7 шаҳрванди Тоҷикистон фавтидаанд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки иттилоъи мазкур боз санҷида хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар як сӯхтор дар Маскавро тасдиқ кардааст ва фоҷеаи зуҳри рӯзи 13-уми январ дар як мошинхонаи зеризаминӣ дар минтақаи ҷанубу шарқии Маскав рух додааст ва ҳувияти ҳалокшудагон маълум аст.
Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар маҳалли фоҷеа ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд ва сафорат барои фиристодани ҷанозаи ҳалокшудагон ба ватан омодагӣ мегирад.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста