Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 3-4-уми феврал дар Тоҷикистон бориши зиёд пешгӯӣ карда шудааст.

Тавре сардори маркази обуҳавосанҷии Муассисаи давлатии гидрометереология Ҷамила Байдуллоева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар давоми ин рӯзҳо бориши зиёд ва сард шудани ҳарорати рӯзона дар назар аст. «Бориши зиёди давоамдорро мо дар шахри Душанбе, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, ноҳияҳои Дарвоз ва Ховалинг интизорӣ дорем», - гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, тибқи пешгӯии обуҳавосанҷон, рӯзҳои 3-5-уми феврал тумани ғафс ва вазиши шамол бо суръати 15- 20 метр дар як сония ба назар гирифта шудааст.

Ҷ.Байдуллоева мегӯяд, ахири даҳаи моҳи феврал ҳарорат тадриҷан то 10-15 дараҷа гармӣ боло меравад. «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо сабаби эҳтимолияти рух додани лағжиши миқдори зиёди тарма, аз истифодаи воситаҳои нақлиёт дар манотиқи кӯхистон дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд», - афзуд ӯ.