Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 357 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад бештар аст.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ хабар доданд, бар асари ин ҳодисаҳо 91 тан (афзоиш –18,2 дарсад) ҳалок ва 397 нафар (афзоиш 11,5 дарсад) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

            Бино ба иттилои манбаъ, феълан меъёри марг ба 100 нафари ҷабрдида дар садамаҳои нақлиёт 18,6 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо кишварҳои тараққикарда зиёдтар аст. «Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистон аз ҳар панҷ нафари ба садама дучоргардида як нафар ба ҳалокат мерасад», - афзуд манбаъ.