Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Бунёди Ҷопон оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ тавассути Бонки рушди Осиё (БРО) баҳри татбиқи лоиҳаи мусоидат ба аҳолии ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ 3 млн. $ бурс ҷудо мекунад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба амалисозии ин лоиҳа аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов, намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ва ҳамоҳангсози ташкилоти фаронсавии АКТЕД дар ҶТ Раъно Мансурова созишномаи сеҷониба ба имзо расид.
Вазири молияи ҶТ дар ҷамъи рӯзномнигорон изҳор дошт, ки барои татбиқи лоиҳа БРО тендер эълон намуда, ташкилоти ғайриҳукуматии «АКТЕД»-и Фаронса ғолиб дониста шуд. «Лоиҳа ба пешгирӣ ва коҳиши ҳаҷми хисорот аз офатҳои табиӣ равона гардида, тӯли солҳои 2009-2012 дар 130 маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Панҷ ва Шӯроободи вилояти Хатлон амалӣ мегардад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки лоиҳа аз ду ҷанбаи асосӣ - омодагии умумӣ ба офатҳои табиӣ ва ҳифзи хоҷагии ҷангал аз обхезӣ иборат аст.
Дар навбати худ намояндаи БРо дар ҶТ зикр кард, ки кишварҳое чун Тоҷикистон имконоти молии заруриро доро нестанд, то ҳама ҷанбаҳои барномаҳои идоракунии офатҳои табииро маблағгузорӣ намоянд. «Лоиҳаи бурсии мазкур муҳим будани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ, ҳукумат ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро таъкид месозад», - гуфт ӯ.



Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста