Душанбе. 6-уми июл - Зилзилашиносони Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо аз Осиёи Марказӣ дар рӯзҳои 9-11 июли соли равон дар як конфронси минтақаӣ дар шаҳри Душанбе масоили коҳиши хатароти заминларзаҳои эҳтимолӣ дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Осиёи Марказӣ яке аз манотиқи зилзилахезтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз ин хотир дар нишаст, риояти меъёрҳои шаҳрсозӣ, зербунёдҳо ва рафтор зимни заминларзаҳои эҳтимолӣ ба хотири кам кардани қурбониву хисороти он таҳлилу баррасӣ мешавад.

Дар конфронси минтақавӣ, ки ба 60-умин солгарди заминларзаи мудҳиши Ҳоит дар Тоҷикистон бахшида мешавад ҳамчунин олимони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ширкат меварзанд.

Шаст соли пеш дар рӯзи 10 уми июли соли 1949 заминларзаи тақрибан 8 дараҷаӣ дар Ҳоит шарқи Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро кушта ва ё зери хок беномунишон кард. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои Озодӣ бо истинод ба иттилои намояндагии СММ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.