Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони як қатор вазорату идораҳо бахшида ба баррасии масъалаи афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар кишвар мизи мудаввар баргузор мешавад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов иттилоъ дод, рӯзи 11-уми август дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқоси Фирлавсӣ таҳти унвони «Падидаи манфӣ дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии он» мизи мудаввар доир мегардад. «Дар кори мизи мудаввар намояндагони Додситонии кулл, Вазоратҳои тандурустӣ ва меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва дигарон ширкат хоҳанд варзид», - гуфт манбаъ.

            Ба гуфтаи А.Юсуфов, ҳадафи аслии баргузории мизи мудаввар – ошкор сохтани сабабҳои афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ тайи солҳои ахир дар ҷумҳурӣ ва роҳҳои пешгирии он аст.