Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар натиҷаи таркиш, ки рӯзи 20 апрел дар ноҳия Рӯдакӣ ба амал омад, 6 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ду тан аз захмбардоштаҳо дар ҳоли вазнин дар беморхона қарор доранд.

Тавре аз ВКД ба «АП» хабар доданд, сокини ҷамоати Чоргултеппа - Умар Саидови 38 сола дар муносибати беэҳтиётона бо маводи тарканда гумонбар мешавад. Гуфта мешавад гумонбар норинҷакро дар тамрингоҳи низомии Лоҳур, воқеъ дар қаламрави ин ноҳия дарёфт кардааст.

«Мақсади овардани норинҷак ба бозори марказии ноҳия ҳанӯз маълум нест.  Бар асари инфиҷор 6 нафар , аз ҷумла соҳиби маводи тарканда захм бардоштанд. Ду нафар Садриддин Авғонови 23 сола ва Кувандик Икромови 70 сола дар ҳоли вазнин дар беморхона қарор доранд», - хабар медиҳад манбаъ.

Ба ҷойи ҳодиса  муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Ҷурахонов ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадираи Вазорати корҳои дохилӣ  Мансур Бухориев баромаданд.

Бухориев тасодуф будани инфоҷорро таъйид карда гуфт «кунҷкобии мардуми мо ба чунин натиҷа оварда мерасонад».

Ба гуфтаи ӯ, Умар Саидов норинҷакро бо мақсади намоиш додани он ба мағозаи худ овардааст.

«Саидов норинҷакро ба дӯсташ ҳаво додааст, вале дуввуми онро қапидан натавонист. Дар натиҷа таркиш ба амал омад», изҳор дошт Бухориев.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.