Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Шабонарӯзи гузашта кормандони вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз 120 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар таърихи 25уми май кормандони мақомот дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти гайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра»-ро таҳти идораи шаҳрванд М.Б.-и 39 сола боздошт карда, зимни кофтуков аз дохили он беш аз 45 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира мекунанд. «Дар ҷараёни тафтишоти минбаъда маълум шуд, ки ронанда ин миқдор маводи нашъаоварро аз шаҳрванд А.К.-и 32 сола харидааст», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ,  худи ҳамон рӯз дар вилояти Суғд – шаҳри Чкаловск 73 кило ҳашиш, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 10 кило ҳашиш ва дар шаҳри Қайрокқум – зиёда аз 9 кило ҳашиш ва 13,4 кило бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Ғайр аз ин, каме дуртар аз пойтахт як зани 45-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Д.Н. бо 3 кило маводи сахттаъсири героин дастгир карда шуд», - афзуд сарчашма.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ҳамаи далелҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, боздоштшудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.