Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони милисаи шаҳри Душанбе пайи ҷустуҷӯи шахсоне мебошанд, ки дар маркази пойтахт соҳибкори эрониро ғорат кардаанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, як соҳибкори эронӣ ба кормандони милисаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 1-уми июн ӯ дар майдони «800-солагии Маскав», дар назди театри опера ва балет мавриди ғорат қарор гирифтааст. «Шахсони номаълум сумкаи соҳибкорро дуздидаанд, ки дар дохили он ҳуҷҷатхои шахсӣ ва миқдори зиёди пули нақд – 7,5 ҳазор доллари ИМА ва 250 ҳазор риёли эронӣ мавҷуд будааст», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳодисаҳои содир намудани ҷинояти дуздиву ғорат аз ҷиноёти сершумор дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо шабонарӯзи гузашта дар кишвар расман 8 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 6-тои он базудӣ ошкор шудааст. Соли равон бошад, 1 ҳазору 892 ҷинояти дуздӣ сабт гардида, 1 ҳазору 726-тои он ошкор гардидааст.