Хуҷанд. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд як ронанда бо мошин корманди милисаро зер карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи навъи ВАЗ-21099 зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Ғафуров-Хуҷанд дар муқобили посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ роҳбари яке аз шӯъбаҳои РКД-и вилоят Шомурод Юлдошевро зер мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. «Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса сокини 27-солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳибкор Рустам Ӯзоқов боздошт шуд, ки ин амалро содир намудааст», - гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, прокуратураи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ин далел нисбат ба Р.Ӯзоқов мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё зарар ба саломатиаш гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.