Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сокинони ноҳияи Ашт, ки манзили зисташон рӯзи якшанбе бар асари сели башиддат хароб гардид, ҳамин ҳафта аллакай соҳиби қитъаҳои замин барои сохтмони манзил мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бар асари сел дар деҳаҳои Бободархон ва Фарои ҷамоати Понғоз 34 манзил пурра ва боз 52 хонаҳои истиқоматӣ қисман хароб шуданд.

Сокинони манзилҳои харобшуда айни замон дар хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо зиндагӣ доранд. Рӯзи шанбе дар шаҳраки Бахмал ба онҳо ҷудо кардани 10 сотихӣ қитъаҳои замин оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, дар фурсати наздиктарин аз ҳисоби маблағҳои буҷаи вилоят ва шаҳру навоҳӣ сохтмони манзилҳо барои онҳо шурӯъ гардида, сокиноне, ки қисман манзилашон зарар дидааст, низ соҳиби қитъаи замин гардида, ба Бахмал кӯчонида мешаванд.

Таъмини осебидагон бо маводи ғизоӣ, кӯрпаву болин, асбобу лавозимоти рӯзгор ва маводи мавриди ниёзи аввалия аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд идома дорад. Дар макони фалокат ҷиҳати муайян кардани ҳаҷми хисороти расида комиссияи вилоятӣ фаъолият дошта, хушбахтона, бар асари ин офат талафотӣ ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ноҳияи Ашт 11 км роҳҳои дохилӣ шуста шуда, 500 метр хатти интиқоли барқ хароб гардидааст. Ҳамчунин ба 10 гектар заминҳои кишт зарар расонида шуда, 20 сар чорвои хонагӣ талаф ёфтааст. Се воситаи нақлиёт зери лойқа монданд.

Ёдрас мекунем, нимаи дуввуми рӯзи 12-уми август дар ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент бар асари боришот зиёд сел омада, ба манзили зист ва зербинои маҳаллаҳои аҳолинишин хисороти беҳад ворид сохт.