Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли кишвар ронандаи 26-сола бо мошин кӯдаки 2-солаи худро пахш намуд, ки дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 13-уми июн Мӯҳсинҷон Ҷӯраеви 26-сола автомашинаи тамғаи «BMW»-ро пуштнокӣ ба дохили ҳавлиаш дароварданӣ шуда, аз қафо давида омадани писари 2-солаи худро пай набурдааст, ки дар натиҷа кӯдак зери мошин мондааст.

Ба иттилои манбаъ, кӯдак ҷароҳатҳои зиёде бардошта, зимни ба беморона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.