Турсунзода. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустӯйи ба гумони даст доштан дар қатли чаҳор фарзандаш сокини 32-солаи ҷамоати Работи ноҳияи Турсунзода Шарифова Заррагулро боздошт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, майори милиса Руслан Шоев хабар дод, зимни баргузории тафтишоти пешакӣ маълум шудааст, ки ин зан дар давраи аз моҳи апрел то моҳи май бонавбат чаҳор фарзанди ноболиғи 7, 6, 2 ва кӯдаки 1-солаашро ба қатл расонидааст. «Заррагул фарзандони худро буғӣ карда, сипас онҳоро ба беморхона мебурдааст ва аз табибон тавалло мекардааст, ки ёрӣ диҳанд», - гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ҳангоме ки зан кӯдаки чаҳоруми ҳалокшударо меорад, табибон ба гумону шубҳа афтода, дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд.

Худи Заррагул дар барномаи «Милитсия хабар медиҳад»- и телевизиони маҳаллии «Регар»   муфассал бобати чӣ гуна ва кай куштани фарзандонаш маълумот дода, аз ҷумла гуфтааст, ки ҳангоми ба катл расонидани кӯдакон гӯё ба як ҳолати бемории рӯҳӣ гирифтор мешудааст. Айбдоршаванда ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намуд.

Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.