Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни баргузории як амалиёти муваффақона дар пойтахт миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи ВАЗ-21150, ки ба шаҳрванд Саидалӣ Мирзооев тааллуқ дошт, боздошт шудааст. «Ҳангоми азназаргузаронии халтаи дар дохили автомашина мавҷуда аз он ба миқдори 14 кило маводи сахттаъсири героин ва 1 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.