Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс»  — Дар километри 518-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ як садамаи нақлиёти фоҷеабор рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ Нигора Солиева хабар дод, субҳи дирӯз, 20-уми июн, дар қаламрави ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангфароӣ автомашинаи тамғаи «Хонда Галлопер» ба рӯдхонаи Панҷ сарозер рафта, дар натиҷа се нафар мусофирон – Имумдод Улфакови 15-сола, Мадина Булбулшоеваи 6-сола ва сокини Душанбе Раҳимҷон мамадови 54-сола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона мунтақил дода мешаванд. «Давоми рӯз ҷасади сокини 53-солаи пойтахт Хадича Ямакова дарёфт гардида, то ҳанӯз 6 нафар мусофирони дигар бедараканд», - гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, миёни бедаракшудагон ронандаи автомашина Маъқулшо Насриддинови 51-сола, духтари ӯ – Санквия Насриддинови 21-сола, сокини шаҳри Хоруғ Нигина Достамбуеваи 59-сола, сокини пойтахт – Мадина Иноятшоеваи 49-сола, Неъмат Булбулшоеви 80-сола ва сокини 59-солаи ноҳияи Роштқалъа Қиматгул Шоназарбекова ҳузур доранд.

Зимнан зикр гардид, ки то ҳанӯз дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят фаъолият доранд.