Қӯрғонтеппа. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Боз як ҷароҳатбардошта аз таркиш дар нуқтаи фурӯши газ дар ноҳияи Бохтар пас аз як рӯз дар бемористон ба ҳалокат расид. Ёдрас мекунем, ки таркиш рӯзи 25-уми июн зимни пур кардани автомобил бо газ ба вуқӯъ пайваста буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони ноҳияи Бохтар Иброҳим Атовуллоев изҳор дошт,  нимаи рӯзи 25-уми июн дар нуқтаи фурӯши гази воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ ҳангоми пур кардани автомашинаи «Daewoo» рақами давлатӣ Т0390РТ/03 таркиш рух дода, бар асари он ронандаи автомашина, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе Одилҷон Меҳмонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар натиҷаи инфиҷор ронандаи автомашинаи «ЗИЛ», сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор Зафар Назаров, ки дар навбати пур кардани мошинаш бо газ он ҷо интизор будааст, низ осеб дида, рӯзи дигар дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айни замон дар бемористон боз ду нафар шахсони аз ин таркиш осебдида – сокини ноҳияи Хуросон Аваз Шарифов ва сокини ноҳияи Вахш Зоҳир Ашӯров бистарианд ва вазъи саломатиашон хуб аст.

Аз рӯйи ин далел санҷиш гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои он дар бораи боз кардани парванди ҷиноӣ қарор қабул хоҳад шуд.