Москва. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербурги Русия роҷеъ ба далели марги як шаҳрванди Тоҷикистон санҷиш мегузаронанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти ФР дар Санкт-Петербург, оид ба далели ба дармонгоҳи ҷарроҳии низомӣ-саҳроии ба номи Киров овардани шаҳрванди бекори Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ, ки бар асари он ӯ ҳамон рӯз ба ҳалокат расидааст, санҷиши қабл аз тафтишотӣ доир мегардад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзи 29-уми июн ҷабрдида аз ошёнаи сеюми як иншооти сохтмонӣ афтодааст. Ӯ ба он ҷо барои ҳалли масъалаи дарёёфти ҷойи корӣ омада будааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш қарори мурофиавӣ қабул карда хоҳад шуд.