Шаби 2-юми январ дар кӯчаи Синои пойтахт сокини 24-солаи шаҳри Душанбе Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои Барфӣ пӯшида буд, ба қатл расонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандону наздикони фавтида хабар доданд, ӯ аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонон, ки дар хиёнат ба мазҳаб ӯро муттаҳам сохта, фарёд мезаданд, ба қатл расонида шудааст.
Бино ба маълумоти намояндаи ВКД Тоҷикистон, пас аз ин ҳодиса П.Давлатбеков бо ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи корд ба яке аз беморхонаҳои пойтахт оварда шудааст, вале сарфи назар аз кӯшишҳои табибон, ба ҳуш наомада, ҷон додааст.
«Ба гумонбарӣ дар содир намудани ин ҷиноят донишҷӯйи соли саввуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шариф Давлатов ва ҳамроҳони ӯ Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев боздошт шуданд», - гуфт намояндаи ВКД.
Тибқи фарзияи наздикони марҳум, П.Давлатбеков қарор додааст, ки хешовандону наздиконашро бо Соли нави мелодӣ табрик кунад ва ба ин муносибат сарулибоси Бобои барфиро пӯшидаааст. Ҳангоме ки ӯ ба даромадгоҳи назди хонаи худ меояд, як гурӯҳи иборат аз 30 нафара ба ӯ дарафтода, бо нидоҳои «Ту кофирӣ» ба ӯ чанд зарбаи корд мезананд.
Қабл аз Соли нав, 30-юми декабр муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор кард, ки мусалмонони кишвар Соли нави мелодиро набояд ҷашн гиранд. Ба андешаи ӯ, ҷашни Соли нав мухолиф ба қонунҳои ислом ва анъанаҳои миллии тоҷикон аст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2025
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста