Дар ҷаласаи ҷамъбастии мудофиаи граждании вилоят, ки рӯзи 28-уми декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, фаъолияти соҳа дар соли 2011 мавриди таҳлили пурра қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Х. Раҳмонов, муовини аввали сардори сарситоди кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор А. Хушвахтов, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо-сарпарасти соҳаи мудофиаи гражданӣ, сардорони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва хадамотҳои мудофиаи граждании вилоят оид ба корҳои дар давоми сол анҷомдодашуда ва камбудию норасоиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон дар вилоят 194 машқҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби 22678 нафар аҳолӣ гузаронида шуда, 683 ҳолатҳои фавқулодда ба қайд гирифта шудааст ва маблағи умумии зарари расонидашуда 8,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки дар ҷаласа баробари ибрози таклифу андешаҳо оид ба пешрафти кор, ҳамчунин ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва андешидани тадбирҳои қатъии пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, вазифаҳои навбатӣ муайян карда шуданд.