Бар асари сар задани сӯхтор дар нуқтаи фурӯши шаурма дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, сокини ноҳияи Восеъ Исматулло Ғозиеви 21-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, сокини ноҳияи Ваҳдат Толибҷон Қувватови 22-сола дар беморхона мефавтад.

Бино ба маълумоти хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Санкт-Петербург, сӯхтор бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст: яке аз фавтидагон дар дохили бино назди зарфи кушодаи дорои бензин сигарет оташ гирондааст. «Имрӯз ҷасади фавтидагон ба ватан фиристода мешавад», - гуфт манбаъ.