Айни замон аз 200 нафари дар асорати тарма дар ағбаи Анзоб қарордошта ҳудуди 100 нафарашон ба ҷойҳои бехафв кӯчонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, раҳоии шахсони боқимонда дар асорати тармаро гурӯҳҳои зудамали КҲФ имрӯз пурра ба анҷом расониданианд.

Ба гуфтаи вай, алҳол ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзобу Шаҳристон дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва ағбаи Хобуробот дар роҳи водии Рашт ва ВМКБ манъ аст.

Нозимов гуфт, рӯзи чоршанбе аз офати табиӣ хоҷагии қӯтоспарварии ба номи Аслиддинови ноҳияи Айнӣ хисорот бардошт. Дар ин ҷо 12 қӯтос зери тарма мондаанд.

Ғайр аз ин, бар асари боришоти зиёди барф дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 5 манзили зист қисман хароб гардлида, дар ноҳияи Вахш бинои ду мактаб дар вазъи садамавӣ қарор доранд.

Тибқи омори расмӣ, бар асари боришоти зиёди барф тайи моҳи ахир дар ҷумҳурӣ, ки ба офатҳои табиӣ боис гардид, як нафар ҳалок гардида, садҳо тан бесарпаноҳ монданд.