Шаби гузашта дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа сӯхтор сар зад.

Ба қавли шоҳидон, сӯхтор тахминан соатҳои 2-и шаб сар зада, қисматеро, ки дар он нуқтаҳои фурӯш ва таъмири телефонҳои ҳамроҳ воқеъ буданд, нобуд сохт.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз пешниҳоди маълумот дар хусуси ин ҳодиса алҳол худдорӣ мекунанд. Аммо бино ба маълумоти манбаи ғайрирасмӣ, сабаби сӯхтор шояд расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз мағозаҳо бошад.