Муддати се рӯз аст, ки бар асари тармафароиҳои зиёд дар роҳҳои мошингард ба самти маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ то ҳанӯз дар асорати барф боқӣ мемонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, тамоми роҳҳои мошингарде, ки Хоруғро бо ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Душанбе мепайванданд, бастаанд. Тайи чанд шабонарӯзи ахир дар ин роҳҳо ҳудуди 15 тарма фаромада, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин дар натиҷаи барфрезии зиёд ва фаромадани тармаҳо, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, ки маркази ҷумҳуриро бо минтақаи шимоли кишвар мепайванданд, низ ғайриимкон шудааст. Айни замон ба корҳои тозакунии ин роҳҳо техникаи махсус сафарбар гардидааст.

КҲФ ва МГ аз шаҳрвандон ва меҳмонон дархост менамояд, ки мувофиқи имкон аз сафар тавассути роҳҳои мошингарде, ки дар онҳо хафви тармафароӣ вуҷуд доранд, худдорӣ кунанд ва дар сурати ба сафар баромадан эҳтиёткору ҳушёр бошанд.

Намояндагони кумита хамчунин даъват мекунанд, ки ба сафар кӯдакони хурдсол ҳамроҳ гирифта нашаванд. Инчунин тавсия дода мешавад, ки муваққатан аз шикор ва лижаронӣ дар куҳҳо худдорӣ карда шавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, соли равон боришот аз меъёр зиёд аст. Ғайр аз ин, гармшавии ҳарорат ва боришоти рӯзҳои ахир низ ба фаромадани силсилаи нави тармаҳо боис шуда метавонанд.