Дар ноҳияи Панҷакент бар асари ба ҷарӣ сарозер рафтани автомашинаи боркаши ЗИЛ як нафар ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи ЗИЛ, сокини 22-солаи ҷамоати Хурмии ноҳияи Панҷакент аз мавзеи куҳистон, ки барои ҳаракати нақлиёт пешбинӣ нашудааст, санг мекашонид. Дар натиҷа автомашинаи пур аз санг ба ҷарии 40-метра сарозер рафтааст, ки бар асари он сокини маҳаллӣ – Фурқат Назарови 25-сола ҳалок ва ронандаву боз ду нафар мусофири дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористони марказии ноҳия мунтақил шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Конибодом боз як ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, як нафар ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи «БМВ», сокини шаҳри Конибодом Озод Эргашеви 28-сола зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Конибодом-Хуҷанд суръати ҳаракати нақлиётро беҳад афзуда, аз уҳдаи идораи он набаромадааст. Дар натиҷа автомашина ба дарахти канори роҳ бархӯрда, Эргашев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА РКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 2 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли кишвар 44 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2011 – 51 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 24 нафар (соли 2011-34 нафар) ҳалок ва 41 нафар (соли 2011 – 48 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.