Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бар асари офати табиӣ 25 хонавода осеб дида, ҳамчунин ба чоҳи нафту газ низ зарар расонида шуд.
Чуноне аз Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзи 10-уми апрел бар асари боришоти зиёд оби дарёҳои Сурхоб ва Оби Мазор аз соҳил баромада, дар натиҷа манзили 25 хонавода дар деҳоти Куҳнабалҷувон ва Калатачанори ноҳияи Балҷувон зери об мондаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мавзеъ аз офати табиӣ ҳамчунин чоҳи нафту гази №94 ва як қатор биноҳои куҳна хисорот бардоштаанд.
Айни замон дар макони офат мутахассисони ситоди маҳаллӣ машғули коранд. Ҳаҷми зарар мавриди санҷиш қарор дошта, ҳеҷ яке аз сокинони маҳаллӣ осеб надидаанд.
Худи ҳамин рӯз бар асари боришоти шадид дар ноҳияи Ҳисор сел омада, роҳҳои мошингард ба деҳаҳои Арбобӣ, Қипчоқ, Чангобӣ ва Ҳаитӣ баста шуданд. «Айни замон оқибатҳои сел бартараф гардида, роҳҳои мошингард боз шуданд», - афзуданд дар КҲФ.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста