Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар (шахсияти ӯ то ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад) фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди зерини Тоҷикистон осеб диданд:
1. Абдуллоев Ромиш Баҳромович, соли таваллудаш (с.т.) 1992 (дар шифохонаи №15-и ш. Москва бистарист);
2. Умаров Аслан Фарҳодович, с.т. 1976 (шифохонаи №15-и ш.Москва);
3. Икромзода Нуриддини Файзиддин, с.т. 1991 (шифохонаи №1-и ш.Москва);
4. Мустафоев Улмас Аҳмадович, с.т. 1993 (шифохонаи №1-и ш.Москва);
5. Ашуров Фахриддин Умарович, с.т. 1990 (шифохонаи №7-и ш.Москва);
6. Ҳалимов Комрон, с.т.1994 (шифохонаи №13-и ш.Москва);
7. Эшмуродов Парвиз Бердимуродович, с.т.1985 (пажуҳишгоҳи ба номи Н.В. Склифосовский, ш. Москва);
8. Ашуров Аслиддин Умарович, с.т.1995 (пажуҳишгоҳи ба номи Н.В. Склифосовский, ш. Москва).
Бино ба иттилои манбаъ, бо мақсади ёриву мусоидатҳои лозима ба осебдидагони тоҷик, сафорат, мавзӯъро мавриди назорати қатъӣ қарор дода, бо зарардидагон ва намояндагони мақомоти дахлдори шаҳри Москва пайваста дар тамос мебошад. Аз ҷумла, чанд тан аз кормандони бахши консулии сафорат ба шифохонаҳои шаҳри Москва сафарбар гардидаанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, айни замон кормандони КҲФ ва муфаттишон пайи таҳқиқи тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса мебошанд. Дар макони фурӯрезии бино корҳои тоза кардани тӯдаҳои масолеҳи сохтмон идома дорад. Тақдири 5 нафар, ки ҳангоми ҳодиса дар майдони сохтмон қарор доштанд, алҳол маълум нест. Замони фурӯрезии бино дар майдони он ҳамагӣ 17 нафар қарор дошта, 12 нафарро аз зери тӯдаҳо наҷот додаанд ва як нафар ба ҳалокат расидааст. Дар бемористонҳо 10 нафар қарор доранд. Ҳамаи осебдидагон зодагони синнусоли аз 17 то 36-солаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ будаанд.
Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Ашқобод
Аввалин Форуми байнулмилалии заргарӣ дар Душанбе: мероси фарҳангӣ ва уфуқҳои нав
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2025
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста