Ҳафтаи сипаришуда бар асари се ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ панҷ нафар ҳалок ва шаш тан ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 21-уми апрел дар Душанбе автомашинаи тамғаи «Нексия» таҳти идораи сокини 22-солаи пойтахт бо суръати баланд ба дарахт бархӯрда, дар натиҷа ронанда ва мусофири 20-солаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Чор нафар мусофирони синнусоли аз 16 то 19-солаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон мунтақил шуданд.
Дар садамаи нақлиёт, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Данғара рух дод, як нафар ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд, ки дар натиҷа ба автомашинаи «Опел-Астра» бармехӯрад. Дар натиҷа як мусофирзани автомшинаи «Опел-Вектра» ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашинаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Боз як ҳодисаи садамаи нақлиёти марговар дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба вукуъ пайваст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Санг-Йонг Муссо» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дар канори роҳ гузоштаи «Хаво» бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи «Санг-Йонг Муссо» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Рустам Ятимов аввалин футболбози тоҷик аст, ки дар финали Ҷоми Русия бозӣ мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 майи соли 2025
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста