Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз якчанд ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд. Тайи ду рӯзи ахир дар вилояти Суғд 5 нафар даст ба худкушӣ задаанд.
Чуноне ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд, рӯзи сешанбе сокини 23-солаи ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент Г.Н. дар оғили хонааш худро овехта, ба ҳалокат расидааст. Зимни азназаргузаронии ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидаанд.
Ҳодисаи дуюми худкушӣ дар ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ин ҷо дар хонаи худ нафақахӯри 72-сола Э.Х. худро ба дор овехта, бо ҳаёт падруд гуфтааст.
Рӯзе қабл бо роҳи худро ба дор овехтан сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан Б.З., сокини 23-солаи ноҳияи Ашт Д. П. ва сокини 31-солаи шаҳри Табошар даст ба худкушӣ зада, фавтидаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят, дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 67 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (соли 2011 – 54 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо 42 нафарашонро мардон (5 нафар ноболиғ) ва 25 нафари дигарро занон (4 нафар духтари ноболиғ) ташкил медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд ду далели худкушӣ миёни кӯдакон ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо писари 12-сола ва дигарӣ духтари 17-сола мебошад.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста