Дар семоҳаи аввали соли равон бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин шумор ба 17 нафар баробар буд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли 2012 дар қаламрави кишвар 155 ҳодисаҳои офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа аз 53 манзили зисти зарардида 19 хона пурра хароб шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳаҷми маблағи зарар аз офатҳои табиӣ дар ин давра беш аз 2 млн. 342 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар зарфи се моҳи соли гузашта ин нишондиҳанда каме бештар аз 81 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ки ҳодисаи ахири офати табиӣ субҳи 25-уми апрел дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, ба маҳаллаи аҳолинишини Тайланобод хисороти зиёде ворид сохтааст.
Бар асари фаромадани сел дар ин мавзеъ роҳҳои автомобилгард, манзилҳои зист, заминҳои кишт ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии аҳолӣ осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон дар ин мавзеъ корҳои барқароркунӣ идома доранд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 2
Мансабдори тоҷик кӯҳҳоро монеъаи асосӣ барои интернети хушсифат номид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста