Бар асари садамаи нақлиёт, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе рух дод, донишчӯйи соли 2-юми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди рӯ ба рӯи Маркази исмоилия ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 Ҷамшед Содиқови 24-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба Сӯҳроб Рустами 21-сола бармехӯрад, ки дар натиҷа донишҷӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Норак ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ҳокимшоҳ Исматови 40-сола низ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, кӯдаки 4-соларо бо мошин пахш мекунад, ки дар натиҷа кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар зарфи 4 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 346 ҳодисаи садамаи нақлиёт (44% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 10 нафар ҳалок ва 378 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста