Чанде қабл ду нафар наврасони 14-сола аз деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҳангоми оббозӣ дар кӯли хоҷагии ҷангали вилоят ғарқ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бо кӯмаки наҷотдиҳандагони ситоди Раёсати кумита дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷасадҳои наврасони ҳалокушуда дарёфт ва ба наздиокнашон супурда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин рӯ, КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ дар робита ба оғози мавсими шиноварӣ (оббозӣ) аз шаҳрвандон дархост менамояд, ки зимни шиноварӣ дар кӯлу дарёҳои кишвар эҳтиёткор буда, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Бино ба маълумоти КҲФ ва МГ, соли гузашта зимни шиноварӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои ҷумҳурӣ 118 шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.