Субҳи рӯзи 19-уми август дар шаҳри Хуҷанд як корманди милисаро автомашина пахш намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар гузаргоҳи кӯчаҳои Ленин ва Бофанда корманди шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Илёр Шукурови 24-сола ҳини ба кор рафтан зери чархи автомашина мондааст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ронандаи автомашина аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, вале баъди чанде боздошт мешавад. «Ин автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ба сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд Сайдулло Раҳматуллоев тааллуқ доштааст», - гуфтанд дар раёсат.
Зикр гардид, ки бар асари ин ҳодиса корманди милиса ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи шаҳр бистарӣ гардидаааст ва айни замон табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ менамоянд.
«Аз рӯйи ин далел маводи зарурӣ ҷамъоварӣ ва парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад», - афзуд манбаъ.



Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста