Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд як духтари ноболиғ ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини шаҳри Чкаловск Нигина Усмоноваи 25-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Конибодом-Ғафуров-Деҳмой дар километри 62-юм, воқеъ дар рӯ ба рӯи ҳавлии истиқоматии №131-и кӯчаи Дӯстӣ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол, хонандаи синфи 5-ум Аниса Исмоноваро бо автомашина пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тибқи маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди минтақаи шимоли кишвар 245 ҳодисаи (ҳамин давраи соли гузашта – 257 ҳодиса) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 117 нафар ҳалок (соли 2011 – 121 нафар) ва 256 нафар (соли 2011 – 269 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 70 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2011 – 71 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, 26 нафар ноболиғон (соли 2011 – 23 нафар) ба ҳалокат расиданд.



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста