Бар асари сӯхтор, ки рӯзи 19-уми ноябр дар яке аз биноҳои хобгоҳи шаҳри Долгопрудскии вилояти Маскав рух дод, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони шаҳри Хуҷанд - зани 22-сола Саодат Исмоилова ва ҷияни ӯ Зарнигор Исмоиловаи 3-сола фавтидаанд.

Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар мағозаи асбобу лавозимоти рӯзгор воқеъ дар ошёнаи якуми ин бино сар задаааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми ноябр дар ноҳияи Белоусовои шаҳри Обнински вилояти Калуга шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Турсунзода З.Тоҷибоеви 20-сола низ бар асари лату кӯби бераҳмона аз ҷониби шахсони номаълум ба ҳалокат расида, аз рӯи далели ин куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот ҷараён дорад.