Дар вилояти Суғд як шахс бародари хешро зинда ба гӯр кард. «Гӯр»-ро пас за 14 рӯз сагони дайду дарёфтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҷасади мард бо аломатҳои марги маҷбуриву дастони баста рӯзи 14-уми ноябр дар қаламрави ахлотпартои шаҳри Конибодом дарёфт гардидааст. «Муайян карда шуд, ки фавтида Суҳроб Сулаймонови 28-сола мебошад», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят Фирдавс Сулаймонови 30-сола боздошт шудааст.
«Нимаи аввали шаби 30-юми октябри соли равон Ф.Сулаймонов бародарашро, ки дар ҳолати вазнини мастӣ аз машрубот қарор дошт, бо дастони баста ба ахлотпарто оварда, ӯро ба чуқурии 1 метра мепартояд ва сипас зинда ба зинда ӯро дар чуқурӣ бо хок гӯр мекунад. Пас аз ду ҳафта сагони дайду ҷасадро аз гӯр кашида бароварданд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мақомоти тафтишот то ҳанӯз сабаби чунин амали бераҳмонаи бародар нисбати бародари ҳамбатни худро ошкор накардаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, аз оғози соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 28 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 37 ҳолат баробар буд.



“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста