Ахири ҳафтаи гузашта ҷасади ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21093», сокини пойтахт Аҳтам Акрамови 36-сола дарёфт шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Аҳтам Акрамов дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ ба самти кӯчаи Л.Шералӣ, дар чорроҳаи М.Турсунзода–Л.Шералӣ ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Тавалло Ҳакимови 28-сола, ки аз тарафи хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа нақлиётҳо зарари техникӣ гирифта, ронанда Акрамов воситаи нақлиётро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Ба иттилои манбаъ, субҳи рӯзи дигар кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади А.Акрамовро дар рӯ ба рӯи маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе дарёфт кардаанд. Айни замон сабабҳои марги ӯ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Бохтар ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел», сокини 53-солаи ноҳияи Панҷ Обидҷон Султонов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Суҳроб Қулмаҳмадови 16-сола ва мусофири велосипед Акрамҷон Султонови 11-соларо бо автомашинааш пахш мекунад. Дар натиҷа ноболиғон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.