Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи Касбӣ-Техникии №27-и ноҳия қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард, шаҳрванди Қирғизистон Сергей Барашкини 43-соларо бо автомашина пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар натиҷа С.Барашкин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.