КВД «Тоҷиксуғурта» изҳор кард, ки дар сурати суғуртаи фурӯшгоҳҳо ва маҳсулот, ба ҳар кадоме аз осебдидагони сӯхтори бозори «Корвон» 31 ҳазору 654 сомонӣ (6,5 ҳазор доллари ИМА) маблағи суғурта пардохт мегардид.
Муовини раиси КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар ин робита зикр кард, ки аз тамоми соҳибкорони бозори «Корвон» танҳо 126 нафарашон фурӯшгоҳҳои худро суғурта карда, аз сӯхтор ҳеҷ кадоме аз онҳо зарар надидаанд.
Ба қавли Абдуллоев, кормандони ин муассиса мунтазам соҳибкоронро дар бораи муҳим будани суғуртаи амвол огоҳ мекунанд, вале соҳибкорон аз ҳамкорӣ рӯ метобанд. «Ҳатто миёни 126 нафари зикршуда, ки амволашонро суғурта кардаанд, аксариятро шаҳрвандони Чину Афғонистон ташкил медиҳанд ва ҳамагӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи директори филиали «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Шаримф Каримов, ҳаҷми маблағи солонаи суғуртаи нуқтаи фурӯш 830 сомониро ташкил медиҳад. «Агар онҳо саривақт аз сӯхтор суғурта медоштанд, аллакай маблағи онро мегирифтанд», - таъкид кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, он майдони беш аз 8 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари сӯхтор 1 нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Оташ 2 ҳазору 550 фурӯшгоҳҳоро нобуд сохта, ба соҳибкорон зарари ниҳоят зиёди моддӣ расонид.
Рӯзи дигари пас аз сӯхтор ҳазорон тоҷирони бозор ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Онҳо пайдо намудани гунаҳкорони сӯхторро талаб намуда, бар ин назар буданд, ки бозор қасдан оташ зада шудааст. Издиҳомро раиси пойтахт ором намуда, ваъда дод, ки бозор дар як моҳ барқарор гардида, муҳлати қарзҳои тоҷирон дар бонкҳо дароз карда мешавад.
Қаблан соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов изҳор карда буд, ки барои кӯмаку мусоидат ба муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор ва афроди дар ин амал дастдошта 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин кардаст.




Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста