Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ду нафар зери тарма монда, ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 13-уми январ бар асари фаромадани тарма миёни деҳоти Аскалон ва Шархои ноҳияи Рашт рух дода, ду сокини маҳаллӣ – Файзулло Ҷамилови 20-сола ва Муҳаммади Абдуллои 12-сола зери тарма мондаанд. «Пас аз чанд соати ҳодиса кормандони ситоди ноҳиявии КҲФ ва сокинони маҳаллӣ ҷасади онҳоро аз зери тарма берун оварда, ба наздиконашон супурданд», - гуфтанд дар КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми январ ҳамчунин бар асари фаромадани тарма дар километри 68-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар ноҳияи Варзоб автомашинаи тамғаи «Муссо» ба ҷарии 300-метра сарозер рафтааст.

«Дар натиҷа як тани алҳол шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва се нафари боқимонда – сокини 30-солаи ноҳияи Панҷакент Аъзам Абдураҳмонов, сокини 46-солаи шаҳри Хуҷанд Икром Абдураҳмонов ва сокини 45-солаи шаҳри Хуҷанд Ҷалол Усмонов наҷот дода шуданд», - зикр карданд дар КҲФ ва МГ.