Шаби 21-уми июли ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ дар километри 553-юм ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Беҳрӯз Баҳромови 32-сола, сокини ноҳияи Ванҷ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба даруни дарёи Панҷ чаппа кардааст .
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофирони дохили он – Одил Мухторови 25-сола, Васила Сардороваи 64-сола ва Лолда Соқиеваи 32-сола, ҳамаашон сокинони ноҳияи Ванҷ дар дарё ғарқ шудаанд. «Ҷасади шаҳрванд Соқиева Л. дарёфт карда шуда, барои дарёфти боқимондаҳо корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад», - омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҷ.Румӣ ба самти ноҳияи Вахш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон деҳаи Сафедоб ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра Тагай Алиеви 55-сола, сокини ноҳияи Вахш, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, онро дар дохили (заҳбур) ҷуйи обгузар, ки чукуриаш 3-4-метр мебошад, чаппа мекунад.
«Дар натиҷа худи ронанда бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Карим Нуралиеви 51-сола дар беморхона бистарӣ мегардад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста