Манзили зисти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро дар Кӯлоб ғорат намуда, сипас оташ заданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти оташнишонӣ хабар дод, хабари оташ гирифтани манзили ҳунарманд соати 2-у 50 дақиқаи шаби 25 ба 26-уми июл ба навбатдор расида, майдони фарогири оташ 1,1 метри мураббаъро ташкил додааст.

«Оташ базудӣ хомӯш карда шуда, ба андешаи мо, бо оташ задани манзил кӯшиш кардаанд, ки пайи дуздии чизҳои арзишманд ва маблағи пулиро рӯйпӯш намоянд», - иброз дошт манбаъ.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, то соати 15-00-и рӯзи 29-уми июл гунаҳкорони ин ҳодиса ҳанӯз боздошт нашудаанд.

Дар ВКД ҶТ ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр карднд, ки ҳунарманд осебе надидааст, вале ҳаҷми зиёни расида аз сӯхтор ҳудуди 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки аз оғози сол дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 16 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, зиёни расида аз онҳо қариб 3,2 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад. Ин ҷо зиёни расида аз сӯхтор дар бозорҳои Кӯлоб шаби 21 ба 22-юми июл ба инобат гирифта нашудааст, зеро ҳисобу китоби зарари он то ҳол идома дорад.