Шабонарӯзи ахир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 5 тан ҳалок ва 3 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лассати» Фаррух Мирзоеви 24-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он аввал ба симчӯби назди роҳ бархӯрда, сипас ба чуқурӣ сарозер меравад, ки дар натиҷа сокинони ноҳияи мазкур Ҷумъахон Давлатови 24-сола ва Аҳлиддин Шарифови 22-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар натиҷаи бархӯрди автомашинаи сабурави «Опел-Вектра» бо автомашинаи боркаши тамғаи «ЗИЛ» ронандаи автомашинаи сабурав, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Эркинҷон Бердиеви 38-сола ба ҳалокат расида, як мусофири он ҷароҳат бардоштааст.
Гуфта мешавад, дар роҳи мошингарди Душанбе – Данғара – Кӯлоб дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани автомашинаи тамғаи «БМВ-3181» таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Бахтиёр Имомалиев ва автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107» таҳти идораи сокини 46-солаи ноҳияи Данғара Давлатманд Азизов ду нафар – ронандаи «ВАЗ-2107» ва мусофири «БМВ» ба ҳалокат расида, ронандаи «БМВ» бо ҷароҳатҳо ба бемористон мунтақил шудааст.
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста