Дар бемористони клиникии вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 14 ба 15-уми август аз бемории вараҷаи бавосири Қрим-Конго як мард ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ ва сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров, мард бо ин вирус, ки аз газидани кана пайдо мешавад, хеле дер ба табибон муроҷиат карда, 8 рӯз дар бемористон бистарӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, дар номаи расида ба «Азия-Плюс» аз як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин бора гуфта мешавад, мард муддати як ё ду соат аз бемории тариқи ҳаво гузаранда ҳалок шудааст ва ба тамоми табибоне, ки бо ин бемор сарукор доштаанд, робита бо динарон манъ шуда, онҳо дар ҷойи алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд.

Аммо Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, вараҷаи бавосири Қрим-Конго танҳо тариқи робитаи мустақим доштан бо хуни шахси бемор ба каси дигар гузашта, ҳамаи 15 нафар табибону хоҳарони шафқат, ки барои наҷоти ҳаёти бемор талош варзидаанд, муддати 10 рӯз таҳти муоинаи махсус қарор дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ин вирус бештар дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ва маҳз миёни шахсоне вомехӯрад, ки ба кишоварзӣ машғуланд. «Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 15 ҳолати сироят аз ин вирус ба қайд гирифта мешавад», - афзуд Ҷаъфаров.