Тамоми кӯдакон аз деҳаи Арбобхотуни ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба гумони заҳролудшавӣ аз маводи кимиёвии хлориди аммиак ба бемористонҳои пойтахт бистарӣ шуда буданд, айни замон ба хонаҳояшон баргаштанд.
Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташхиси нимаи аввали имрӯз доиргардида нишон додааст, ки аз бӯи ғализи хлориди аммиак кӯдакон каме нотобу беҳол гардида, вале заҳролуд нашудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, хабари қаблии таркиши лӯлаи хлориди аммиак носаҳеҳ буда, бӯи ғализу ногувор дар натиҷаи буридани лӯлаи дорои боқимондаҳои хлориди аммиак, ки коргарони коргоҳи металлургӣ аз он оташдон сохтанӣ будаанд, ба вуҷуд омадааст.
Ёдрас мекунем, ки КҲФ ва МГ Тоҷикистон иттилоъ дода буд , ки бар асари таркиши зарфи дорои хлориди аммиак дар коргоҳи металлургии деаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ 40 нафар кӯдакони дар наздикии коргоҳ иқоматдошта заҳролуд шуданд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста