Назди қуттии партовгоҳ дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Абдураҳим Шарипович дарёфт шудааст.
Бино ба маълумоти сомонаи Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Абдураҳим Шариповичи 44-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор (шаҳраки Ӯзбекистон), шаби 16 ба 17-уми сентябр дар назди яке аз қуттиҳои партовгоҳ ошкор шудааст.
«Ҳарчанд осори зиёди захмҳо дар сари ҷасад аз ҷароҳат гирифтан гувоҳӣ диҳанд ҳам, вале сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии ноҳияи Истра Магомед гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз сардии беҳад зиёд (хунукхурӣ) фавтидааст», - омадааст дар сомона.
Ба иттилои манбаъ, айни замон ба хеши аз шаҳри Самара омадаи марҳум аъзои Шӯрои машвратии ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» кумак карда, онҳо ҳамроҳ бо хеши ҳалокшуда Абдуҳаким ба макони дарёфти ҷасад раҳсипор шудаанд.
«Раҷабов Абдураҳим Шарипович се фарзанди ноболиғ дорад. Ҳамватанони шиносҳои наздики ӯ Абдураҳимро як инсони оромтабиату одамдӯст тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ аз одатҳои баду зараровар худро канор мегирифт. Ҷасади марҳум айни замон дар мурдахона (морг)-и ноҳияи Истра қарор дорад», - зикр мегардад дар хабари сомона.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста