Шаби 19 ба 20-уми сентябр дар комбинати гӯшти шаҳри Қӯрғготеппа сӯхтор сар зада, бар асари он ду нафар ҳалок шуданд.
Котиби матбуотии хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Суҳроб Қулмаҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сӯхтор тахминан соатҳои 1-и шаб дар коргоҳи қаннодии дохили корхона рух дода, бар асари сӯхтор ду нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расидаанд.
«Майдони фарогири сӯхтор 84 метри мураббаъро ташкил дода, дастаҳои оташнишонӣ дарҳол ба макони ҳодиса сафарбар шуданд. Коргоҳи қаннодӣ комилан ба коми оташ рафт ва сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешаванд», - афзуд котиби матбуотӣ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъ аз Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, бар асари ин сӯхтор донишҷӯёни соли дуюми таҳсил Мудассир Исмоилов (факултаи филолгияи тоҷик) ва Неъматулло Ҳусейнов (факултаи физика ва риёзӣ) ба ҳалокат расидааснд. «Онҳо шабона дар ин коргоҳ кор мекарданд», - гуфт манбаъ.
Аз рӯи ин далел мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа тафтишро оғоз намудааст.
Саидҷаъфар Усмонзода дар боздоштгоҳ 64-сола шуд. Сарнавишти ояндаи ӯ ҳамоно норӯшан аст
Тоҷикистон ва БОР дар бораи сохтмони долони сабз созишномаи грантӣ ба имзо расониданд
Ҷаримаи ҳангуфт барои ҳоҷизиёрат. Қариб 8 млн сомонӣ ҷаримаи сокинони Тоҷикистон дар нӯҳ моҳ
“Шеъри ӯ итминон барои оянда аст”. Фарзона 60-сола шуд
Дар Русия ба имтиҳонҳо барои муҳоҷирон нархномаи ягона муайян шуд
Майя Санду бори дигар президенти Молдова интихоб шуд
Муттаҳамони нав дар парвандаи “Крокус”. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҷавоне, ки забони ҳайвонот медонист”
Кор дар Черногория. Ҳақи кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Байни Тоҷикистон ва Кувайт 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста