Бинобар вайрон будани боду ҳаво дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ҷиргатол, дар мавзеи Диҳи-шоҳии ноҳияи Нуробод, аз кӯҳ санг фаромада ба автомашинаи тамғаи “Тойота-прадо”, рақами давлатиаш 15-53 ВА 01, таҳти идораи Хоҷаев Назриддин соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, бархӯрдааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа автомашина мувозинаташро гум карда аз роҳ баромада, ба ҷарии 110 метр сарозер шудааст. Дар ин садама ронандаи автомашина Хоҷаев Н. ва мусофирони дохили он Раҳимов Илҳом соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Сарбанд ва Иззатуллоев Рустам соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашина Садриддинов Қурбоналӣ соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи н. Тавилдара ва Саидов Ҷамшед соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи н. Сарбанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамчунин ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами давлатиаш ЕН 99-13 РТ 01, ронандааш Юсуфов Усмонҷон соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Нуробод зимни ҳаракат аз тарафи ш. Душанбе ба самти н. Нуробод дар километри 76-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, дар ҳудуди ш.Роғун аз кӯҳ сангпора афтода ба чархи тарафи пеши ронанда бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ба ҷарии канори рости роҳ ба масофаи 45-метр, дар канори дарёчаи Кундалак чаппа шудааст. Мусофири автомашинаи мазкур Мусоев Сафаралӣ соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи н. Нуробод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” рақами давлатиаш ТТ 73-48 РТ 02, Улмасов  Ғуломҷон соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ш.Қайроққум, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Хуҷанд ба самти ш. Қайроққум, дар рӯ ба рӯи корхонаи истеҳсолии ордбарории “Темурмалик” аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба деворҳои бетонии корхонаи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда Улмасов Ғ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Идрисов Мирзобаҳриддин соли таваллудша 1983, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.