Субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шуд.
Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расонида шуда, айни ҳол ду нафар мардон ва як духтар ба гумонбарӣ дар даст доштан ба ин куштор мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон пайи таҳқиқ ва маълум намудани ҷузъиёти ҳаводиси куштори шаҳрвандонаш масъулинашро ба ҷойи воқеот фиристод.
Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳамчунин кормандони масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия пайи таҳқиқ ба қисмати ҷанубу ғарби Маскав, кӯчаи Миклухо Маклай сафарбар шуда, ин ҳодисаро пайгирӣ доранд.
«Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ҷараёни ин ҳаводисро таҳти назар гирифтааст. Сафорат аз мақомоти русӣ талаб намуд, ки маълумоти расмӣ ва дақиқ дар робита ба ин ҳаводисро пешниҳод намояд», - иброз дошт намояндаи расмии сафорат.
Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл, 11-уми октябр шаҳрванди 26-солаи тоҷик Баҳриддин Шаропов дар Маскав аз ҷониби афроди славянитабор ҳадафи ҳамла қарор гирифта, 3 зарби корд хӯрд ва ба бемористон мунтақил шуд.
Ба гуфтаи Эгамзод, айни замон Бадриддин дар шуъбаи эҳёгарии бемористони №7-и ноҳияи Коломенкскии шаҳри Маскав бистарӣ аст.
«Сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов, ки аз субҳ дар ҷараёни ин ҳодиса буд, дастур дод, ки аз аҳволи ин шаҳрванд мунтазам огоҳ бошем. Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти русӣ талаб шудааст, то ҳарчи зудтар аз рафти таҳқиқ ва тафтишоти ин ҳодисаи хунин сафоратро дар ҷараён гузоранд», - афзуд номбурда.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста